Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Малави Чунуни
11 Января 2012 | Опубликовано в Общие | Просмотры: | Комментарии: 15

                      Малави  Чунуни

Саидкаландар ибни Шохсохиби Кандахори 

Илоҳи аз карам бар осиёнат лутфу эҳсон кун, 
Саводи номаҳоро шустушу дар баҳри ғуфрон кун. 
Макун шармандаи рузи чазо ин хоки осиро, 
Зи лутфи худ ба ин аҳли хичолат сатри исён кун. 
Ба бемори гунаҳ набвад ба чуз лутфи Ту доруе, 
Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар дармонда дармон кун. 
Ба вақти чон гирифтан деви малъун ҳамла меорад, 
Саломат бандагонро аз қариби шарри шайтон кун. 
Ба вақти қабз кардан чони ширин талхие дорад, 
Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун. 
Малаҳо дар лаҳад бо гурзи отатбор меоянд, 
Саволашро чавобаш бо савоб аз лутф фармон кун. 
Чу сабза сар кашад дар рузи маҳшар одами аз хок. 
Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун. 
Ҳаросон дидаҳо аз интизори номабахшиҳо, 
Зи фазли худ саъодатномаро бар дасти аймон кун. 
Надорам аз амал чуз маъсият ҳангоми санчидан, 
Тарозуро гарон аз фазли худ дар вазни мизон кун. 
Хуруши дузахи сузанда гар "ҳал мин мазийд" гуяд, 
Халос ин осиёни хастаро з-он нори сузон кун... 

Малави  Чунуни

Хокро чун кимиё дасти дуо зар мекунад, 
Кори хар кас нест юмни кимёгар мекунад. 
Кай шавад шамшери дасти хар муханнас зулфикор, 
Зулфикори сарфикан бозуи Хайдар мекунад. 
Хостгори,эй чавон бар ин ачузи дун макун, 
Ту хаки худ ногирифта,шуи дигар мекунад. 
Рохрав эмин зи шарри душмани зоти мабод, 
Шохбозонро ба теги макрхо пар мекунад. 
Занги дуньёро асар дар дасти Исканадар намонд, 
Чазбаам з-ин таъна бар мулки Сиканадар мекунад. 
Теги ботин гар бигирад занг аз ошуби руз, 
Зикри шабхо аз насими субх чавхар мекунад. 
Гута дар гирдоби дил хур,ки хучуми мавчи у, 
Домани гаввосхоро пур зи гавхар мекунад. 
Ахли вахдат интизори боргохи вахдат аст, 
Ахли касрат кабксурат сар ба хар дар мекунад. 
Дил ба куи ёр моил,дида суи интизор, 
Максади ин ду надонам аз кучо сар мекунад? 
Бода мечуям, наомад чоми Фирдавси ба ёд, 
Воизонам гар чи васфи оби Кавсар мекунад. 
Гар биороянд бозори киёматро ба чуш, 
Ин Чунуни чустучуи руи сарвар мекунад.(Маъдан-ул-хол) 

Малави  Чунуни
Худовандо, нигаҳ дори моро аз макри шайтони, 
Ҳидоят бар сироталмустақим кун суи раҳмони. 
Умеди том ҳар банда аз он лутфи азал дорад, 
Нашуд аммо кас воқиф аз он мактуби пешони. 
Ба рузи сахти маҳшар бандаи бечора дар монад, 
Ба ин дармондагон абри карамро зуд афшони. 
Нашуд воқиф касе аз қисмати неку бад инчо, 
Ман ин асрори пинҳонро намедонам, Ту медони... 
Ба ҳоли очизон ё Раб, куни дар муҳтазар раҳме, 
Ки байни чону эмон мубтало банда ба ҳайрони. 
Ба ҳар дарде агар ҳар бандаи бечора дар монад, 
Набошад ғайри фазли Ту ба ҳар дармонда дармоне. 
Диламро суи худ каш з-ин ғами гирдоби бепоён, 
Мабодо, ки дар ғафлат равам бо ин парешони. 
Чунунро дил аз андуҳи чон кандан тапад дар хун, 
Кушо ин уқдаро ё Раб, ба фазли худ ба осони. 

Малави  Чунуни
Шавад рӯзе,ки дар болини ҳасратҳо фиғон дорӣ, 
Нафас дар ғарғара чун мурғ ҷону дил тапон дорӣ. 
Ба сақфи хона чашми хеш дузӣ зору пурҳасрат, 
Куҷо бар рози дилгӯе дами теғи забон дорӣ. 
Бувад қобиз паи ҷонат Азозил дар паи эмон, 
Чӣ мушкилҳои пурошӯб андар ин миён дорӣ. 
Чӣ суд аз тахту давлат,ки ба рӯи тахта меоӣ, 
Ки рози оҷизе бар дасти ғассолон аъён дорӣ. 
Қабои сурх мепӯшию аз чоки кафан ғофил, 
Саре пурҳасрат андар зери ақди ӯ ниҳон дорӣ. 
Ба рӯи рахши дунё эминӣ аз маркаби чубин, 
Чу тифли найсаворӣ,сӯи гӯристон давон дорӣ. 
Ба гӯри тору пурваҳму хунук дар бистари хорӣ, 
Ба чандин доғу ҳасратҳои гуногун макон дорӣ. 
Равоқи манзари чашмат пур аз хоки лаҳад гардад, 
Ки то субҳи қиёмат инчунин хоби гарон дорӣ. 
Ҷунунӣ,то тавонӣ,фикри мурданро ба зистан кун, 
Машав ғофил,ки роҳи сахту азми корвон дорӣ.(Маъдан-ул-ҳол) 

Малави  Чунуни
Нигоро ёру дилдорам ту боши. 
Мурод аз сайри гулзорам ту боши. 
Зи душман заррае боке надорам. 
Ба хар холе мададгорам ту боши. 
Чаро тарсам сари муе зи шайтон? 
Агар донам нигахдорам ту боши. 
Кучо парво кунам аз вахми машхар. 
Магар чону талабгорам ту боши. 
Насозам асл парвои Киёомат 
Агар ёри вафодорам ту боши. 
Надорам заррае андухи дузах. 
Дар ончо гар харидорам ту боши. 
Насузад як сари муи Чунуни 
Ба ин алфот агар ёрам ту боши. 

Малави  Чунуни
Гудози ишқи Ҳақро ошиқи мастона медонад, 
Шукӯҳи сӯзи доғи шамъро парвона медонад. 
Чӣ мепурсӣ зи зоҳид илми ишқи сирри ваҳдатро, 
Ки ҳушёр аст ӯ, ин рамзро девона медонад? 
Зи мақсад дур солик аз гумони дур меафтад, 
Ба ҳар ҷо восилон мақсудро ҳамхона медонад. 
Намеёбӣ зи масҷид, мақсади дил дар харобот аст, 
Касе, ки ёфт аксар ганҷ, дар вайрона медонад. 
Шаҳидон дар тапиш лаззат зи теги ишқ меёбанд, 
Касе ҷон дод, завқи бисмили ҷонона медонад, 
Зи завқи нашьаи май зоҳидон воқиф нашуд охир, 
Димоғи ринди шайдо шаммаи майхона медонад. 
Ба бедардон Ҷунунӣ,дурри ишқашро чаро суфтӣ, 
Куҷо ҳар танпарасте қадри ин дурдона медонад? 

Малави  Чунуни
Хез, эй солик, ба шаб дар зикри Ҳақ бедор бош, 
Раҳрави роҳи ҳақӣ, ғофил машав, дар кор бош. 
Ҳам дари тавба кушода, ҳам дари файзи азал, 
Ёди исён кун саҳаргоҳон ба истиғфор бош. 
Рӯзи фориғ нест касбу кори зиндагӣ, 
Шаб ба ёди зикру фикри ҳазрати Чаббор бош. 
Ҳамчу шамъи сарбурида ашк рез аз сӯзи дил, 
Бо фиғону нолаву бо синаи афгор бош, 
Нолаву зории муштоқон хуш ояд ёрро, 
Ошиқи зорӣ агар, дар нолаҳои зор бош. 
Мардумон дар хобу ту хун хӯр ба шабҳои дароз, 
Ганҷи ваҳдатро биёбӣ, доимо ҳушёр бош. 
Васли сӯзишҳо зи бедардӣ расад парвонаро, 
Доғи сӯзи ишқ агар хоҳӣ, ба ёди ёр бош. 
Аз адаб набвад, ки ӯ бедору ту хоби дароз, 
Дарди ӯ дар дил агар пайдост, бо дилдор бош. 
Ҳосили ҳар ду ҷаҳон дода ба як шӯри Ҷунун, 
Даст афшон аз ду олам, соҳиби дидор бош.

Малави  Чунуни
Эй сохиби ин масъалаи рохнамо, 
Медон бо якин ки Ломакон аст Худой. 
Хохи ки туро кашф шавад ин маъно, 
Чон дар бадан бин ки кучо дораду чой?? 
Зи хок офаридат Худованди пок, 
Пас эй банда афтодаги кун чу хок. 
Харису чахонсузу саркаш мабош!! 
Зи хок офаридат чу оташ мабош!! 
Чунон сарфарози намо иин каме, 
Аз он деву кардан одаме. 
Машав Муллою Суфии шайхи канъон, 
Мусалмон шав мусалмон мусалмон!! 
Зи зикрам он ки ру тобат ба дунё. 
Ба фардо хашр созам зишту аъм, 
Зи зери хок хезат дидааш кур. 
Сиях гашта дилаш чун лаъл бе нур, 
Кунад нола хамон банда ба Мавло. 
Ки хикмат чист чашмам карди аъмол, 
Ба дунё доштам ду чашми равшвн. 
Бикради кураш ай дорандаи ман?? 
Худо гуяд ай махлуки нодон!! 
Ба дунё додаам неъмат фаровон. 
Бидодам дасту пою чашми бино, 
Дили доно забони сози гуё. 
Бифармудам туро бар зикр гуи!! 
Зи душман эътирозу дуст чуи, 
Зи зикри мо ту шуди руй гардон. 
Бо амри нафсу бо фармони Шайтон, 
Ба дунё кардаи моро фаромуш? 
Манхам туро созам ин чо фаромуш!! 
Малави  Чунуни

Орифони машхури адабиёт
07 Января 2012 | Опубликовано в Общие | Просмотры: | Комментарии: 29


مولانا جلال الدین محمد رومی
Мавлоно Ҷалолуддини

Муҳаммади Румии Балхӣ


   1207 -1273

Ҷалолиддини Румӣ 
Чунин шабҳо шаби қадр аст моро,
Ҳилоли дигарон бадр аст моро.
Шабе, кон дилбари айёр бо мост,
На як шаб сад шаби қадр аст моро.
Ба гирди мо ҳаводис раҳ надорад,
Фароғ аз ҳодиси даҳр аст моро.
Зи фақру фоқа моро ор нояд,
Ки ори дигарон фахр аст моро.
Ба зери ҳирқаам зуннори куфр аст,
Бадин шўҳрат ба ҳар шаҳр аст моро.
Дуре, кандар ду олам менағунҷад,
Фитода дар дили баҳр аст моро.
Ҳама олам ба сони Шамси Табрез,
Ба зери сояи чатр аст моро.

     Ҷалолиддини Румӣ 
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон  бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи  гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав  
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав.

       Ҷалолиддини Румӣ 

Эй ошиқон, эй ошиқон, ҳар кас, ки бинад рўйи ў,
Шўрида гардад ақли ў, ошуфта гардад хўйи ў.
Маъшуқаро ҷўё шавад, дўкони ў вайрон шавад,
Бар рўю сар пўён шавад чун об андар ҷўйи ў.
Дар ишқ чун Маҷнун шавад, саргашта чун гардун шавад,
Он, к‐ў чунин ранҷур шуд, ноёб шуд дорўи ў.
Ишқаш дили пурдардро бар каф ниҳад, бў мекунад,
Чун хуш набошад он диле, к‐ў гашт дастанбўйи ў.
Бас синаҳоро хаст ў, бас дастҳоро баст ў,
Бастаст  чашми ҷодувон он ғамзаи ҷодўи ў.
Шоҳон ҳама мискини ў, хубон қарозачини ў,
Шерон зада дум бар замин пеши сагони кўйи ў.
Эй моҳ, рўяш дидаӣ, хубӣ аз ў дуздидаӣ,
Эй шаб, ту зулфаш дидаӣ, не, не, ки не як мўйи ў.
Ин шаб сияҳпўш аст аз он, к‐аз таъзия дорад нишон,
Чун беваи ҷомасияҳ дар хок рафта шўйи ў.
Эй рўйи мо чун заъфарон аз ишқи лоластони ў,
Эй дил, фурў рафта ба сар чун шона дар гесўйи ў.
Эй ҷонҳо мокўи ў в‐эй қиблаи мо кўйи ў,
Фарроши ин кў осмон в‐ин хок кадбонўи ў.
Сўзон дилам аз рашки ў, гашта ду чашмам машки ў,
Кай з‐оби чашм ў тар шавад, эй баҳр то зонўи ў.
Ин ишқ шуд меҳмони ман, захме бувад бар ҷони ман,
Сад раҳмату сад офарин бар дасту бар бозўи ў.
Ман дасту по андохтам в‐аз ҷустуҷў пардохтам,
Эймурда ҷустуҷўйи ман дар пеши ҷустуҷўйи ў.

Манн чанд гуфтам: ʺҲой дил хомўш аз ин савдои дил!ʺ 

Судаш надорад ҳойи ман чун бишнавад дил хўйи ў  

           Ҷалолиддини Румӣ                                                                                                                                                                           

Ҳийлат раҳо кун эй дило, девона шав, девона шав,
В‐андар дили оташ даро, парвона шав, парвона шав.
Ҳам хешро бегона кун, ҳам хонаро вайрона кун,
В‐он гаҳ биё бо ошиқон ҳамхона шав, ҳамхона шав.
Рав синаро чун синаҳо ҳафт об шў аз кинаҳо,
В‐он гаҳ шароби ишқро паймона шав, паймона шасв.
Бояд, ки ҷумла ҷон шавӣ, то лоиқи ҷонон шавӣ,
Гар сўйи масто меравӣ, мастона шав, мастона шав.
Он гўшвори шоҳидон ҳамсўҳбати ораз шуда,
Он гўшу ораз боядат, дурдон шав, дурдона шав.
Чун ҷони ту шуд дар ҳаво з‐афсонаи ширини мо,
Фонӣ шаву чун ошиқон афсона шав, афсона шав.
Фазле бувад майлу ҳаво бинҳода бар дилҳои мо,
Мифтоҳ шав, мифтоҳро дандона шав, дандона шав.
Гар чеҳра бинмояд санам, пур шав аз ў чун оина,
В‐ар зулф бикшояд санам, рав шона шав, рав шона шав.
То кай душоха чун рухӣ, то кай чу байдақ камтакӣ,
То кай чу фарзин каҷравӣ? Фарзон шав, фарзона шав.
Шукрона додӣ ишқро аз тўҳфаҳову молҳо,
Ҳил молро худро бидеҳ, шукрона шав, шукрона шав.
Як муддате аркон будӣ, як муддате ҳайвон будӣ,
Як муддате чун ҷон будӣ, ҷонона шав ҷонона шав.
Эй нотиқа, бар бому дар то кай равӣ, даар хона пар,
Нутқи забонро тарк кун, бегона шав, бегона шав.


                        Мирзо

             Абдулкодир Бедил

                                     

                              1644-1721

       Абулқодири Бедил 
Ба авҷи кибриё, к‐аз паҳлўйи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мўе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кўлоҳ он ҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нозу шўхӣ барнамедорад,
Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо.
Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо.
Муқими дашти улфат бош, хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо.
Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад,
Зи нақши по саре бояд кашидан гоҳ‐гоҳ он ҷо.
Хушо базми вафо к‐аз ҳиҷлати изҳори навмедӣ,
Шарар дар санг дорад пар фишониҳои оҳ он ҷо.
Ба саъйи ғайр мушкил буд з‐ошуби дуӣ растан,
Саре дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ он ҷо.
Дил аз камзарфии тоқат набаст эҳроми озодӣ,
 Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ он ҷо.
Ба Канъони ҳавас дарде надорад Юсуфи матлаб,
Магар дар худ фурў рафтан кунад эҷоди чоҳ он ҷо.
Зи бас файзи саҳар меҷўшад аз гарди саводи дил,
Ҳама гар шаб шавад, рўзат намегардад сиёҳ он ҷо.
Зи тарзи машраби ушшоқ сайди бенавоӣ кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ он ҷо.
Замингирам ба афсуни дили бемуддао, Бедил,
Ба он водӣ, ки манзил низ меафтад ба роҳ он ҷо. 

     Абулқодири Бедил

Худовандо, ба он нури назар дар дида ҷо бинмо,
Ба қадри интизори мо ҷамоли муддао бинмо.
На ранге аз тараб дорему не аз хуррамӣ бўе,
Чамангумкардаем оинаи моро ба мо бинмо.
Шафеи ҷурми маҳҷурон ба ҷуз ҳайрат чӣ мебошад,
Ба ҳаққи дидаи Бедил, ки моро он лиқо бинмо.
    Абулқодири Бедил 
Зи бодаест ба базми шуҳуд мастии мо,
Ки кард рафъи хумори шароб ҳастии мо.
Бигў ба шайх, ки аз куфр то ба дин фарқ аст,
Зи худпарастии ту то ба майпарастии мо.
Задем даст ба домони ишқ аз ҳама пеш,
Муроди мо шуда ҳосил зи пеш дастии мо.
Ба роҳи дўст чунон масти бодаи шавқем,
Ки бе худанд рафиқони мо зи мастии мо.
Ба пеши сарвқаде хоки роҳ шуд, Бедил,
Баландҳимматии мо бубину пастии мо.
     Абулқодири Бедил 
Уқдаи даигар набошад рўҳи аз тан растаро,
Нест бими сўхтан дуди зи оташ ҷастаро.
Шиква аз гардун далели тангдастиҳои мост,
Нола дар парвоз бошад тоири парбастаро.
Интизоми офият аз олами касрат махоҳ,
Бесубот аст эътибори рангу бў гулдастаро.
Ҳамчу сарв озодагонро қайди улфат ростист,
Хатти мистар дом бошад мисраи барҷастаро.
Аз забони чарбу нарми халқ дорам ваҳшате,
К‐аз даҳони шер нашносам даҳони бастаро.
Ҷавҳари ворастагон мушкил агар монад ниҳон,
Роҳ дар чашм аст гарди бар замин наншастаро.
Аз шикастан дил намеафтад зи чашми эътибор,
Кас намехоҳад таҳи по шишаи бишкастаро.
Мавҷ чун бо якдигар хуршедгавҳар мешавад,
Дил тавон гуфтан нафасҳои ба ҳам пайвастаро.
Ғунчаҳо дар бистари захми ҷигар осудаанд,
Эй насим! Оташ мазан дилҳои улфатхастаро.
Бо каломи обдорат кай расад  лофи гуҳар,
Бедил ин ҷо эътиборе нест ҳарфи бастаро.
     Абулқодири Бедил 
Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат,
Нашъа дар сар, май ба соғар, гул ба домон бинамат.
Гарди домонат ба мижгони ниёз афшондам,
Бе кусуф акнун ҳамон хуршеди тобон бинамат.
Эй, масеҳонашъаи ранҷи ду олам эҳтиёҷ,
Бар нигаҳ зулм аст, агар муҳтоҷи дармон бинамат.
Дидаи хамёзасанҷе чун қадаҳ овардаам,
То ба ранги масти саҳбо масти ҷавлон бинамат,
Оламе аз нақши поят чашм равшан мекунад,
Андаке пеш ой, то ман ҳам хиромон бинамат.
Ҳаққи зоти туст саъйи дастгириҳои халқ,
То абад, ё раб, асои ннотавонон бинамат.
Арзи теъдоди маротиб хиҷлати шавқи расост,
Он чӣ дил мамнуни диданҳо шавад, он бинамат.
Ғунчагиҳоят насиби дидаи Бедил мабод,
Чашми он дорам, ки то бинам гулистон бинамат.
     Абулқодири Бедил 
Бо мо на нами ашкеву не чашми таре буд,
Лабрези хаёли гудози ҷигаре буд.
Афсўсў, ки домони ҳавое нагирифтем,
Хок,стари мо қобили арзи саҳаре буд.
Дил ранги умеде надавонид, ки нашкаст,
Ибраткадаам коргари шишагаре буд.
Чун ашк давидему ба ҷое нарасидем,
Хизри раҳи мо лағзиши бе пову саре буд.
Ҳар ғунча, ки бе парда шуд, оҳе ба қафас дошт,
Ин гулшани хунгашта тилисми ҷигаре буд.
Кас мунфаили талхии айём нагардад,
Дар ҳанзали ин дашт гумони шакаре буд.
Дидем, ки бе вазэи фано ҷон натавон бурд,
Девонагӣ ошўбу хирад дарди саре буд.
Бе чашми тар аҷзои фаноем чу шабнам,
То дида наме дошт зи мо ҳам асаре буд.
Дил хок шуду офияти назри ҳавас кард.
Ин ахгари дилсўхта болинипаре буд.
Неку бади дунё ҳама анқосифатонанд,
Бедил, хабар аз ҳар кӣ гирифтам хабаре буд.
      Абулқодири Бедил 
Пайи ашки ман надонам ба куҷо расида бошад,
Зи паят давидане дошт, ба раҳе чакида бошад?
Зи нигоҳ сар кашида ба рухат, чӣ эҳтимол аст,
Магар аз камини ҳайрат мижа қад кашида бошад?
Табу тоби мавҷ бояд зи ғурури баҳр дидан,
Чӣ расад ба ҳолам он кас, ки туро надида бошад.
Ба насиме аз ҳиҷобат чамани ҳузур дорем.
Дили чок бол мезад, саҳаре дамида бошад?
Ба чаман зи ҳусни бисмил ҳама ҷо баҳори ноз аст,
Дами теғи он табассум раги гул бурида бошад.
Дили мо надошт чизе, ки тавон намуд сайдаш,
Сари зулфат аз хиҷолат чӣ қадар хамида бошад?
Чӣ баландиву чӣ пастӣ, чӣ адам чӣ мулки ҳастӣ,
Нашунидаем ҷое, ки кас орамида бошад.
Баму зери ҳастии мо чу хурўши сози Анқост,
Шунав аз касе, ки ў ҳам зи касе шунида бошад.
Зи тариқи шамъ ғофил магузар дар ин биёбон,
Мижа об деҳ зи хоре, ки ба по халида бошад.
Ғами ҳеҷ кас надорад фалаки ғурурпаймо,
Ба забони мудбире чанд гила метапида бошад.
Ба димоғи даъвии ишқ сари булҳавас баланд аст,
Магар аз дўкони қассоб ҷигаре харида бошад?
Ҳама кас суроғи матлаб ба даре расонду нозид,
Ману нози нимҷонӣ, ки ба лаб расида бошад.
Ба ҳазор парда, Бедил, зи даҳони бенишонаш 
Сухане шунидаам ман, ки касе надида бошад.  
      Абулқодири Бедил 
Баъд аз ин бояд суроғи ман зи хомўшӣ гирифт,
Доштам  номе, дар ин ёрон фаромўшӣ гирифт.
Пардаи номуси ҳастӣ буд оғўши кафан,
Аз нафас оина танг омад, намадпўшӣ гирифт.
Дўстонро мову ту афканд дур аз якдигар,
Ин ғубор охир сари роҳи баҳамҷчшӣ гирифт.
Гар ба ин оҳанг ҷўшад нағмаи сози вифоқ,
Сур хоҳад чун танини пашша сагўшӣ гирифт.
Улфати дилҳо фишори тавъамўи бодом дошт,
Ибрат ин ҷо боҷи тангӣ аз ҳамоғўшӣ гирифт.
Барнагашт аз дашти истиғно ғубори рафтаам,
Аз кӣ пурсам домани нозе, ки беҳўшӣ гирифт.
Шукр кун, Бедил, ки дар тўфони найранги шуур,
Оламе шуд ғарқу дасти мо қадаҳнўшӣ гирифт.
      Абулқодири Бедил   
Фарёд, ки дар олами таҳқиқ касе нест,
Як хонаи анқост, ки он ҷо магасе нест.
Бо ақл чӣ ҷўшем, ки ҷуз ваҳм надорад,
Аз ишқ чӣ лофем, ки беш аз ҳавасе нест.
Гар дил битапад, ғайри нафас кист рафиқаш,
В‐ар чашм парад, ҷуз мижа уммеди хасе нест.
Ҳайрат зи рафиқони сафаркарда чӣ ҷўед,
Дидем, ки рафтанду садои ҷарасе нест.
Бар ваъдаи дидор, ки фардост ҳисобаш,
Имрўз чӣ нолем, нафас ҳамнафасе нест.
Эй кош, даме чанд гирифтор тавон зист,
Аммо чӣ тавон кард, ки дому қафасе нест.
Бар бекасии коғази оташзада раҳме,  
К‐ин қофиларо ғайри адам пешу пасе нест.



           Ҳофизи Шерозӣ

                               

              1321-1389

       Ҳофизи Шерозӣ 
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,  
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништш.
 Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гў: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чи донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор,
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рўзи азал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кўйи харобот барандат ба биҳишт.
     Ҳофизи Шерозӣ

Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,  

Он ҷо, ҷуз ин, ки ҷон бисупоранд, чора нест.

Ҳар гаҳ, ки дил ба ишқ диҳӣ хуш даме бувад,
Дар кори хайр ҳоҷати ҳаеҷ истихора нест.
Моро зи манъи ақл матарсону май биёр,
К‐он шаҳна дар вилояти мо ҳеҷкора нест.
Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно гуноҳи толеу ҷурми ситора нест.
Ўро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол,
Ҳар дида ҷойи ҷилваи он моҳпора нест.
Фурсат шумур тариқаи риндӣ, ки ин нишон,
Чун роҳи ганҷ бар ҳама кас ошкора нест.
Нагрифт дар ту гиряи Ҳофиз ба ҳеҷ рў,
Ҳайрони он дилам, ки кам аз санги хора нест.
             Ҳофизи Шерозӣ 
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрўш далқи мо, к‐аз ин беҳтар намеарзад.
Ба кўйи майфурушонаш ба ҷоме барнамегиранд,
Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, к‐аз ин боб рух бартоб,
Чӣ афтод ин сари моро, кихокш дар намеарзад.
Шукўҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ў дарҷ аст.
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бўйи суд,
Ғалат кардам, ки ин тўфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рўйи худ зи муштоқон бипўшонӣ,
Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.
Чу Ҳофиз дар қаноат кушу аз дунёи дун бигазар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман ҷав намеарзад.
           Ҳофизи Шерозӣ 
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дўстӣ кай охир омад, дўстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегўяд, ки ёре дошт ҳаққи дўстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гўи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зўҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисўхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамўш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рўзгоронро чӣ шуд?
            Ҳофизи Шерозӣ 
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад,
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.
Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.
Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил,
Шояд, ки чу вобинӣ хайри ту дар ин бошад.
Ҳар, к‐ў накунад фаҳме з‐ин килки хаёлангез,
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад.
Ҷоми майю хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат авзоъ чунин бошад.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К‐ин шоҳиди бозорӣ в‐он парданишин бошад.
Он нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
К‐ин собиқаи пешин то рўзи пасин бошад.              

       Ҳофизи Шерозӣ 
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишмади маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гўиё бовар намедоранд рўзи доварӣ,
К‐ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё раб, ин навдалтонро бар хари худшон нишон,
К‐ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон,
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
Ҳусни бепоёни ў  чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гўй,
К‐андар он ҷо тиннати одам мухаммар мекунанд.
Субҳдам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт:
ʺҚудсиён гўйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунандʺ.  
        Ҳофизи Шерозӣ 
 Корам зи даври чарх ба домон намерасад,   
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад.
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон,
То обрў намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале 
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро,
Ин ғусса бас, ки даст сўйи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намерўяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.
Суфӣ, бишўй занги дили худ ба оби май,
К‐аз шустушўйи хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар ошиқӣ,
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
           Ҳофизи Шерозӣ  
Он ёр, к‐аз ў хонаи мо ҷойи парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.
Дил гуфт фурўкаш кунам ин шаҳр ба бўяш,
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.
Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ў пардадарӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ўро,
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд.
Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ўро,
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.
Авқоти хуш он буд, ки  бо дўст ба сар рафт,
Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд.
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсўс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.
Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро,
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд.
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.
        Ҳофизи Шерозӣ 
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К‐аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш 
Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд,
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷона,
Худ коми тангдастон, кай з‐он даҳон барояд?
Гўянад зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.
             Ҳофизи Шерозӣ 
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун муроди дил барор, охир.
Манам, ё раб, ки ҷоноро зи ораз бўса мечинам,
Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир.
Муроди дунйиву уқбӣ ба ман бахшид рўзибахш,
Ба гўшам қавли чанг аввал ба дастам зулфи ёр охир.
Чу бод аз хирмани дунон рабудан хўшае то чанд?
Зи ҳиммат тўшае бардору худ тухме бикор, охир,
Дило, дар мулки шабхезӣ гар аз андўҳ нагрезӣ,
Дами сўҳбат башоратҳо биёрад з‐он диёр охир.
Бути чун моҳ зону зад, майи чун лаъл пеш овард,
Ту гўйӣ тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор охир.

        Ҳофизи Шерозӣ 

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро 
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. 
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез, 
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро. 
Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун. 
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро. 
Дар ҳалқаи гӯлу мул, хуш хонд дӯш булбул, 
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро! 
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат, 
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо. 
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст, 
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. 
Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд, 
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро. 
Он талхваш ки сӯфӣ уммулҳабоисаш хонд, 
Ашҳолано ва аҳло мин Қиблат-ил-узоро. 
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ, 
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро. 
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад 
Дилбар, ки дар кафи ӯ мумаст санги хоро. 
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар, 
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро. 
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд, 
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро. 
Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд, 
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.



          Муслиҳиддин

        Саъдии Шерозӣ

           

            1202-1292 

         Саъдии Шерозӣ
Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле,  
Ба куҷо равам зи дастат, ки намедиҳӣ маҷоле.
На раҳе гурез дорам, на тариқи ошноӣ,
Чӣ ғам ўфтодаеро, ки тавонад эҳтиёле.
Ҳама умр дар фироқат бигузашту саҳл бошад,
Агар эҳтимол дорад ба қиёмат иттисоле.
Чӣ хуш аст дар фироқе ҳама умр  сабр кардан,
 Ба умеди он, ки рўзе ба каф ўфтад висоле.
 Ба ту ҳосиле надорад ғами рўзгор гуфтан,
Ки шабе нахуфта бошӣ ба дарозное соле.
Ғами ҳоли дардмандон на аҷаб, гарат набошад,
Ки чунин нарафта бошад ҳама умр бар ту ҳоле.
Сухане бигўй бо ман, ки чунон асири ишқам,
Ки ба хештан надорам зи вуҷудат иштиғоле.
Чӣ нишинӣ, эй қиёмат, бинамой сарви қомат,
Ба хилофи сарви бустон, ки надорад эътидоле.
Ки на имшаб он самоъ аст, ки даф халос ёбад,
Ба тапончаеву барбат бираҳад ба гўшмоле.
Дигар офтоби рўят манамоӣ осмонро,
Ки қамар зи шармсорӣ бишикаст чун ҳилоле.
Хати мушкбўю холат ба муносибат ту гўӣ,
Қалами ғубор мерафту фуру чакид холе.
Ту ҳам ин магўй, Саъдӣ, ки назар гуноҳ бошад,
Гунаҳ аст баргирифтан назар аз чунин ҷамоле.
         Саъдии Шерозӣ 
Муборак соаете бошад, ки бо манзур биншинӣ,
Ба наздикат бисўзонад, магар к‐аз дур биншинӣ.
Уқобон медарад чанголи бози оҳанинпанҷа,
Туро бозӣ ҳамин бошад, ки чун усфур биншинӣ.
Набояд, гар бисўхандат, ки фарёд аз ту бархезад,
Агр хоҳӣ, ки чун парвона пеши нур биншинӣ.
Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболӣ шав,
На ёрон маст бархезанду ту мастур биншинӣ.
Мае хўр, к‐аз сари дунё тавонӣ хостан якдил,
На он соат, ки ҳушёрат кунад, махмур биншинӣ.
Таманнои шикам рўзе кунад яғмои мўронат,
Агар ҳар ҷо ки ширинист, чун занбўр биншинӣ.
Ба сурат з‐он гирифторӣ, ки дар маънӣ намебинӣ,
Фаромўшат шавад ин дев, агар бо ҳур биншинӣ.
Напиндорам, ки бо ёрат висол аз даст бархезад,
Магар,к‐аз ҳар чӣ ҳаст андар ҷаҳон, маҳҷур биншинӣ.
Миёни хобу бедорӣ тавонӣ фарқ кард онгаҳ,
Ки чун Саъдӣ ба танҳоӣ шаби дайҷур биншинӣ.
       Саъдии Шерозӣ 
Муштоқиву сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро,
Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро.
Боре ба чашми эҳсон дар ҳоли мо назар кун,
К‐аз хони подшоҳон роҳат бувад гадоро.
Султон, ки чашм гирад, бар бандагони ҳазрат,
Ҳукмаш расад, валекин ҳаде бувад ҷафоро.
Ман бе ту зиндагонӣ худро намеписандам,
К‐осоише набошад бе дўстон бақоро.
Чун ташна ҷон супурдам, он гаҳ чӣ суд дорад,
Об аз ду чашм додан бар хоки ман гиёро?
Ҳоли ниёзмандӣ дар васф менамоёд,
Он гаҳ ки боз гардӣ, гўем маҷороро.
Боз ою ҷони ширин аз ман ситон ба хидмат,
Дигар чӣ барг бошад дарвеши бенаворо?
Ё раб, ту ошноро мўҳлат деҳу саломат,
Чандон, ки боз бинад дидори ошноро.
Намулки подшаҳро дар чашми хубрўён,
Вақъест, эй бародар, на зўҳди порсоро.
Эй кош, барфитодӣ бурқаъ зи рўи Лайлӣ,
То муддаӣ намондӣ Маҷнуни мйбталоро.
Саъдӣ, қалам ба сахтӣ рафтасту некбахтӣ,
Пас ҳар чӣ пешат ояд, гардан бинеҳ қазоро.
      Саъдии Шерозӣ 
Ёри ман он, ки лутфи Худованд  ёри áст,
Бедоду доду радду қабул ихтиёри áст.
Дарёи ишқро  ба ҳақиқат канор нест,
В‐ар ҳаст, пеши аҳли ҳақиқат канори ўст.
Дар аҳди Лайлӣ ин ҳама Маҷнун набудаанд,
В‐ин фитна барнахост, ки дар рўзгори ўст.
Соҳибдиле намонд дар ин фасли навбаҳор,
 Илло, ки ошиқи гулу маҷрўҳи хори ўст.
Донӣ кадом хок, бар ў рашк мебарам?
Он хоки некбахт, ки дар раҳгузори ўст.
 Бовар макун, ки сурати ў ақли ман бибурд,  
Ақли ман он бибурд, ки суратнигори ўст.
Гар дигарон бар манзари зебо назар кунанд,
Моро назар бар қудрати парвардигори ўст.
Инам қабул бас, ки  бимирам бар остон,
То нестам кунанд, ки хидматгузори ўст.
Бар ҷаври бемуродию дарвешию ҳалок,
Онро, ки сабр нест, муҳаббат на кори ўст.
Саъдӣ ризои дўстй талаб кун, на ҳаззи хеш,
Абд он кунад, ки раъи худовандгори ўст.
            Саъдии Шерозӣ 
Сари ҷонон надорад, ҳар ки ўро хавфи ҷон бошад,
Ба ҷон гар сўҳбати ҷонон барояд, ройгон бошад.
Муғелон чист, то ҳоҷӣ инон аз Каъба барпечад?
Хасак дар роҳи муштоқон бисоти парниён бошад.
Надорад бо ту бозоре, магар шўридаасроре,
Ки меҳраш дар миёни ҷону мўҳраш бар даҳон бошад.
Парирўё, чаро пинҳон шавӣ аз мардуми чашмам?
Париро хосият он аст, к‐аз мардум ниҳон бошад.
Нахоҳам рафтан аз дунё, магар дар пойи деворат,
Ки то дар вақти ҷон додан сарам бар остон бошад.
Гар аз рои ту баргардам, бахилу ноҷавонмардам,
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад.
Ба дарёи ғамат ғарқам, гурезон аз ҳама халқам,
Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад.
Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷойи ҳайрат аст, алҳақ,
Ки маҳро бар замин бинанду маҳ бар осмон бошад.
Миёнатрову мўятро агар сад раҳ бипаймойӣ,
Миёнат камтар аз мўйеву мўят то миён бошад.
Ба шамшер аз ту натвонам, ки рўйи дил бигардонам,
В‐агар милам кашӣ дар чашм майлам ҳамчунон бошад.
Чу Фарҳод аз чаҳон берун ба талхӣ меравад Саъдӣ,
Валекин шўри Ширинаш бимонад, то ҷаҳон бошад.
           Саъдии Шерозӣ  
Басо нафси хирадмандон, ки дар банди ҳаво монад,
Дар он сурат, ки ишқ ояд, хирадмандӣ куҷо монад.
 Қазое лозим аст онро, ки бо хуршед ишқ орад,  
Ки ҳамчун заррадар меҳраш гирифтори ҳаво монад,
Таҳаммул чораи ишқ аст, агар тоқат барӣ в‐ар на ,
 Ки бори нозанин бурдан ба ҷаври подшо монад.
Ҳаводори накурўён наандешад зи бадгўён,
Биё, гар раъи он дорӣ, ки таънат дар қафо монад.
Агар Қорун фуруд ояд шабе дар сели маҳрўён,
Чунон сайдаш кунанд имшаб, ки фардо бенаво монад.
 Биёр, эй боди наврўзӣ, насими боғи пирчзӣ,
 Ки бўи анбаромезаш ба бўи ёри мо монад.
 Ту дар лаҳви тамошоӣ, куҷо бар ман бубахшо?
Набахшоёд магар ёре, ки аз ёреҷудо мoнад.
 Ҷавобам гўю заҳрам кун ба ҳар талхӣ, ки мехоҳӣ,
Ки дашном аз лаби лаълат ба ширинтар дуо монад.
 Дари дигар намедонам, ки рўй аз ту бигардонам,
Махўр зинҳор бар ҷонам, ки дардам бедаво монад.
Маломатгўӣ беҳосил надонад дарди Саъдиро,
Магар вақте, ки дар кўе ба рўе мубтало монад.
 Агар дар ҳар сари кўе нишинад ўун ту бутрўе,
 Ба ҷуз қозӣ напиндорам, ки нафсе порсо монад.
Ҷамоли маҳфилу маҷлис имоми шаръ Рукниддин,
 Ки дин аз қуввати раъёш ба аҳди мустафо монад.
 Камоли ҳусни тадбираш чунон орост оламро,
 Ки то даврон бувад боқӣ бар ў ҳуну сано монад.
Ҳама олам дуогуёнду саъдӣ камтарин қоил,
Дар индавлат, ки боқӣ бод, то даври бақо монад.
        Саъдии Шерозӣ  
Марв ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд,
Гарат мушоҳидаи хеш дар хаял ояд.
Маҷоли сабр ҳамин буду мунтаҳои шикеб,
Дигар мапой, ки умр ин ҳама намепояд.
Чӣ армуғоне аз он беҳ, ки дўстон бинӣ,
Ту худ биё, ки дигар ҳеҷ дарнамебояд.
Агарчи соҳиби ҳуснанд дар ҷаҳон бисяр,
Чу офтоб барояд, ситора нанмояд.
Зи нақши рўи ту машшота даст бозкашад,
Ки шарм дошт, ки хуршедро биёрояд.
Ба лутфи дилбари ман дар ҷаҳон набинӣ дўст,
Ки душманӣ кунаду дўстӣ бияфзояд.
Дареғ нест маро, ки ҳар чӣ ҳаст дар талабат,
Диле чӣ бошаду ҷоне дар ҳисоб ояд.
Чарову чун нарасад дардманди ошиқро,
Магар мутовиати дўст то чӣ фармояд.
Гар оҳи синаи Саъдӣ расад ба ҳазрати дўст,
Чӣ ҷои дўст, ки душман бар ў бубахшояд.  
           Саъдии Шерозӣ
Гирди ҳар дар менагардам, устухоне, гў, мабош.
Чун тамаъ як сў ниҳодам, поймардӣ, гў, махез,
Чун забон андар кашидам, тарҷумоне, гў, мабош.
Ваҳ, ки оташ дар ҷаҳон зад ишқи шўрангези ман,
Чун ман андар оташ афтодам, ҷаҳоне, гў, мабош.
Дурри маънӣ мунтазам дар ресмони сурат аст,
Не чу сўзан тангчашмам, ресмоне, гў, мабош.
Дар буни девори дарвешӣ чӣ хобат мебарад?
Сар бинеҳ бар боми давлат, нардбоне, гў, мабош.
Гар ба дўзах дар бимонам, хоксоре, гў, бисўз,
В‐ар биҳишт андар наёбам, бустоне, гў мабош.
Ман чиям дар боғи райҳон? Хушкбарге. Гў, бирез,
Ман киям дар боғи султон? Посбоне. Гў, мабош.
Саъдиё, даргоҳи иззатро чӣ мебояд суҷуд?
Гарди хоколудае дар остоне, гў, мабош.
     Саъдии Шерозӣ
Қиёмат бошад он қомат дар оғўш,
Шароби салсабил аз чашмаи нўш.
Ғуломи кист он лўъбат, ки моро 
Ғуломи хеш карду ҳалқа дар гўш?
Парипайкар буте, к‐аз сеҳри чашмаш 
Наёмад хоб дар чашмони ман дўш.
На ҳар вақтам ба ёди хотир ояд 
Ки худ ҳаргиз намегардад фаромўш.
Ҳалолаш бод, агар хунам бирезад,
Ки сар бар пои ў хуштар, ки бар дўш.
Насиҳатгўи мо ақле надорад,
Бирав гў, дар салоҳи хештан кўш.
Дуҳул зери гилем аз халқ пинҳон 
Нашояд карду оташ зери сарпўш.
Биё, эй дўст в‐ар душман бубинад 
Чӣ хоҳад кард? Гў, мабину меҷўш.
Ту аз мо фориғу мо бо ту ҳамроҳ,
Зи мо фарёд меояд, ту хомўш.
Ҳадиси ҳусни хеш аз дигаре пурс,
Ки Саъдӣ дар ту ҳайрон асту мадҳўш.
         Саъдии Шерозӣ
Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд?
Боз аз нигини ту нақши вафо кӣ бурд?
Чандин вафо кӣ кард чу ман дар ҳавои ту 
В‐онгаҳ зи дасти ҳаҷри ту чандин ҷафо кӣ бурд?
Бигрист чашми абр бар аҳволи зори ман,
Ҷўз оҳи ман ин ба гўши вай ин моҷаро кӣ бурд?
Гуфтам лаби туро, ки дили ман ту бурдаӣ?
Гуфто: кадом дил? Чӣ нишон? Кай?  Куҷо? Кӣ бурд?
Савдо мапаз, ки оташи ғам дар дили ту нест,
Моро ғами ту бурд ба савдо, туро кӣ бурд?
Ташфиқи ишқи рўи ту ганҷест, ки то кӣ ёфт?
Боз иттифоқи васли ту гўест, то кӣ бурд?
Ҷуз чашми ту, ки фитнаи қаттоли олам аст,
Сад шайху зоҳид аз сари роҳи худо кӣ бурд?
Саъдӣ на марди бозии шатранҷи ишқи туст,
Дасте ба коми дил зи сипеҳри дағо кӣ бурд?
       Саъдии Шерозӣ

Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам,

Ё гуноҳест, ки аввал мани мискин кардам.
Ту, ки аз сурати ҳоли дили мо бехабарӣ,
Ғами дил бо ту нагўям, ки надонӣ дардам.
Эй, ки пандам диҳӣ аз ишқу маломат гўйӣ,
Ту набудӣ, ки ман ин ҷоми муҳаббат хўрдам.
Ту бирав, маслиҳати хештан андеш, ки ман,
Тарки ҷон додам аз ин пеш, ки дил биспурдам.
Аҳд кардем, ки ҷон дар сари кори  ту кунем,
В‐агар ин аҳд ба поён набарам номардам.
Ман, ки рўй аз ҳама олам ба висолат кардам,
Шарти инсоф набошад, ки бимонӣ фардам.
Рост хоҳӣ, ту маро шефта мегардонӣ,
Гирди олам ба чунин рўз на ман мегардам.
Хоки наълайни ту, эй дўст намеъёрам шуд,
То бар он домани исмат нанишинад гардам.
Рўзи девони ҷазо дасти ману домани ту,
То бигўйӣ, дили Саъдӣ ба чӣ ҷурм озурдам.
        Саъдии Шерозӣ
Ёро, биҳишт сўҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,
Дарёб, к‐аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
Не ҳар кӣ чашму гўшу даҳон дорад, одам аст,  
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар ў ҳусни сиратест,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахўрдаам,
Ҷуз бар ду рўйи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бўйи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В‐он сангдил, ки дида бидўзад зи рўйи хуб,
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл  дар ў нек маҳкам аст.
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В‐ар ҳаст дар муҷовирати ёри марҳам аст.
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил,
Дидори дўстон, ки бубинанд марҳам аст.
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рўйи дўст ҳамарўза хуррам аст.
         Саъдии Шерозӣ
Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат,
Оҳ, агар чун камарам даст расидӣ ба миёнат.
Дар дилам ҳеҷ наёяд магар андешаи васлат,
Ту на онӣ, ки дигар кас бинишинад ба маконат.
Гар ту хоҳӣ, ки якеро сухани талх бигўйӣ,
Сухани талх набошад, чу барояд ба даҳонат.
На ман ангуштнамоям ба ҳаводории рўят,
Ки ту ангуштнамоиву халоиқ нигаронат.
Дари андеша бубастам, қалами ваҳм шикастам,
Ки ту зеботар аз онӣ, ки кунам васфу баёнат.
Сарвро қомати хуб асту қамарро рухи зебо,
Ту на инию на онӣ, ки ҳам ин асту ҳам онат.
Эй рақиб, ар накушоӣ дари дилбанд ба рўям,
Ин қадар боз намоӣ, ки дуо гуфт фалонат.
Ман ҳама умр бар онам, ки дуогўйи ту бошам,
Гар ту хоҳӣ, ки набошам, тани ман бархии ҷонат.
Саъдиё, чора сабот асту мудорову таҳаммул,
Ман, ки муҳтоҷи ту бошам бубарам бори гаронат.
        Саъдии Шерозӣ
Хубрўёни ҷафопеша вафо низ кунанд,
Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд.
Подшоҳони малоҳат чу ба нахчир раванд,
Сайдро пой бубанданду раҳо низ кунанд.
Назаре кун ба мани хаста, ки арбоби карам,
Ба заифон назар аз баҳри худо низ кунанд.
Ошиқонро зи бари хеш марон, то бари ту,
Сару зар ҳарду фишонанду дуо низ кунанд.
Гар кунад майл ба хубон дили ман, айб макун,
К‐ин гуноҳест, ки дар шаҳри шумо низ кунанд.
Бўсае з‐он даҳани танг бидеҳ ё бифурўш,
К‐ин матоест, ки бахшанду баҳо низ кунанд.
Ту хитоибачаӣ, аз ту хато нест аҷаб,
К‐он, ки аз аҳли савобанд хато низ кунанд.
Гар равад номи ман андар даҳанат, боке нест,
Подшоҳон ба ғалат ёди гадо низ кунанд.
Саъдиё, гар накунад ёди ту он моҳ, маранҷ,
Мо кӣ бошем, ки андешаи мо низ кунанд.- 18 -
          Саъдии Шерозӣ
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ,
Ки ҳанўз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.
Ту на мисли офтобӣ, ки ҳузуру ғайб уфтад,
Дигарон раванду оянду ту ҳамчунон, ки ҳастӣ.
Чӣ ҳикоят аз фироқат, ки надоштам, валекин,
Ту чу рўй боз кардӣ, дари моҷаро бубастӣ.
Назаре ба дўстон кун, ки ҳазор бор аз он беҳ,
Ки таҳияте нависиву ҳадияте фиристӣ.
Дили дардманди моро, ки асири туст, ёро,
Ба висол марҳаме неҳ, чу ба интизор ҳастӣ.
На аҷаб, ки қалби душман шикани ба рўзи ҳайҷо,
Ту, ки қалби дўстонро ба муфориқат шикастӣ.
Бирав, эй фақеҳи доно, ба Худой бахш моро,
Туву зуҳду порсоӣ, ману ошиқиву мастӣ.
Дили ҳушманд бояд, ки ба дилбаре супорӣ,
Ки чу қиблает бошад, беҳ аз он ки худ парастӣ.
Чу зимоми бахту давлат на ба дасти ҷаҳд бошад,
Чӣ кунанд, агар забунӣ накунанду зердастӣ.
Гила аз фироқи ёрону ҷафои рўзгорон,  
На тариқи туст, Саъдӣ, сари хеш гиру растӣ.